Корҳои таъмиру навсозӣ дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд вусъати тоза мегиранд

Май 4, 2017 10:49

ХУҶАНД, 04.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Як сол мешавад, ки таҷдиду навсозии шоҳроҳи мошингарди  Исфара-Хуҷанд (Исфара-Конибодом–Хуҷанд-Ҷ.Расулов) идома дошта, пас аз ба истифодадиҳии он роҳи мазкур на танҳо барои рафту омади сокинони ин минтақа хизмат мекунад, ҳамчунин он Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамсоякишварҳо пайваст менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» муҳандиси минтақавии роҳи мазкур Мавлон Умаров иттилоъ дод, имрӯзҳо аз 68 км роҳи таҷдидшавандаи ин шоҳроҳ корҳо дар ҳамаи минтақаҳо босуръат ҷараён дошта, мутахассисон барои босифат ба анҷом расонидани корҳо саъю талош доранд.  Ҳоло барои анҷоми корҳои роҳсозӣ 450 нафар кормандон-мутахассисон, ки аз он 90 фисадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд ва 114 адад техникаҳои гуногунтамғаи роҳсозӣ ҷалб гардида, бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ корҳои сохтмонӣ рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.

Мувофиқи нақша бо фаро расидани ҳавои гармтар мутахассисон ба корҳои асфалтхобонӣ, бунёди фарши роҳ дар қитъаҳои роҳ оғоз хоҳанд намуд. То имрӯз аз ҷониби пудратчӣ дар тамоми минтақаҳо корҳои роҳсозӣ, чун кандани асфалти роҳ, сохтани таҳкурсиҳо, нав кардани қубурҳои обгузар ва оҳану бетонӣ, сохтмони пулҳо, корҳои бетонӣ дар канори роҳ ва дигар қисматҳои корҳои лоиҳавӣ ҷараён доранд.

Бунёди роҳи мазкур мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалии дараҷаи ду ба роҳ монда шуда, таҷдиду навсозии шоҳроҳи мазкур охири соли 2018 ба анҷом мерасад.

 

Май 4, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд