Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ соҳиби бинои замонавӣ мегарданд
ХОРУҒ, 29.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони бинои сеошёнаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ идома дорад. Бинокорон ошёнаи аввали онро ба итмом расонда, ба бунёди ошёнаи дуюм шурӯъ карданд. Сохтмони бинои мазкурро Корхонаи воҳиди давлатии сохтмону таъмири Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад ва дар марҳилаи аввал барои бунёди ин бино беш аз 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидаст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ як моҳ пеш оғоз шуданд ва шароити мусоиди корӣ имкон дод, ки бинокорон таҳкурсӣ ва ошёнаи аввали онро қариб ба итмом мерасонанд.
Муовини аввали раиси ноҳия Ҷаббор Қосим аз ҷараёни суръат ва сифати кор изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки «ҳоло дар таъмини коргарон бо масолеҳи бинокорӣ ягон мушкил вуҷуд надорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сифати кори бинокоронро назорат мекунад ва то ба ҳол ҳеҷ нуқсе дар корашон мушоҳида нашудааст».
Дар сохтмони ин бино коргарону мутахассисон аз манотиқи мухталифи кишвар саҳм мегузоранд, ки теъдодашон бештар аз 60 нафар мебошад. Барои бинокорон шароити хуби корӣ муҳайё шудааст.
Коргарон ҳар моҳ бо маоши хуб таъмин буда, кӯшиш менамоянд бинои мазкурро бо риояи меъёрҳои ҷаҳонии сохтмон мавриди истифода қарор диҳанд. Ин бино аз се ошёна иборат буда, утоқҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳу долонҳои васеъ дорад. Пас аз муҳлати начандон дур кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба бинои замонавӣ мекӯчанд ва бо истифода аз чунин шароити мусоид дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа саҳми бештари худро мегузоранд.
Илова бар ин бинои хуштарҳу замонавӣ симои маркази ноҳияро боз ҳам зебову диданӣ месозад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






