Коршиносони низоми бонкии Тоҷикистон барои андӯхтани таҷриба ба Ҷумҳурии Муғулистон даъват мешаванд

Май 2, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 02.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Муколамаи 4-ум оид ба маблағгузории рушд дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Бангкок (Таиланд) доир гашт, иштирок намуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз ширкат дар Муколамаи 4-ум оид ба маблағгузории рушд дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором муҳокимаи мушкилоти кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар раванди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Дар доираи муколама масъалаҳо оид ба чор бахши афзалиятноки ба сиёсати низоми бонкӣ муҳим, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши андозбандӣ, маблағгузорӣ барои рушди инфрасохтор, дастрасии молиявӣ ва маблағгузорӣ барои пешгирии тағйири иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи чорабинӣ имкониятҳои васеъ барои гузаронидани гуфтушунидҳои дуҷониба фароҳам оварда шуданд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Дабири Кулли Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) хонум Шамшод Ахтар мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳими бахши молиявию бонкӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, имтиёзҳои сармоягузорони хориҷӣ, солимгардонии низоми молиявию бонкӣ, ҳамчунин расонидани кумакҳои молиявию техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаи пурмуҳтаво барпо намуданд.
Хонум Шамшод Ахтар оид ба ҳамкории миёни Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки дар ин самт ҳамкории мусоиди тарафайнро ба роҳ хоҳад монд. Мавсуф ёдовар шуд, ки дар таҷрибаи қаблии Ҷумҳурии Муғулистон низ буҳрони молиявию бонкӣ дида мешавад, ки ин кишвар бо истифода аз шеваҳои хос тавонист муваффақона аз буҳрони мазкур раҳоӣ ёбад. Дар баробари ин хонум Шамшод Ахтар зикр намуд, ки буҳрони молиявию бонкии кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шабеҳи буҳрони молиявию бонкии қаблии Муғулистон мебошад. Аз ин рӯ, фиристодани гурӯҳи коршиносони низоми бонкии Тоҷикистонро барои андӯхтани таҷриба ба Ҷумҳурии Муғулистон дар ин самт ба мақсад мувофиқ донист.

Май 2, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд