«Корвони маърифат» — барномаҳои маърифатию иттилоотӣ дар шаҳри Норак
НОРАК, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба аҳолии шаҳри Норак расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд ва боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинони шаҳр, бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ барномаҳои маърифатию иттилоотӣ таҳти унвони «Корвони маърифат», аз ҷумла ҳамоиши иттилоотӣ, бозиҳои варзишӣ, маҳфили «Оилаҳои беҳтарин», «Корвони саломатӣ» ва вохӯрию суҳбатҳо дар шаҳри Норак бо иштироки зиёда аз 150 нафар меҳмонон аз вилояти Хатлон баргузор шуданд.
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Парвина Исмоилова иброз намуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Пешвои миллат баҳри рушди ин соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар доираи барномаҳо дар маҳаллаи Лангари шаҳр «Корвони саломатӣ» бо иштироки беҳтарин табибон ва таҷҳизоти замонавӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 1000 нафар сокинон аз ташхиси тиббӣ газашта, варақаҳои табобатӣ гирифтанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






