«Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ба сокинони шаҳри Кӯлоб хизмати ройгони тиббӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 13.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба мардуми маҳаллӣ ва ноҳияҳои атрофии он хизмати ройгони тиббӣ мерасонад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари «Корвони саломатӣ» беш аз 65 нафар мутахассисони баландпояи соҳаи тиб, устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, сармутахассисони соҳа, устодони Донишгоҳи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, директорону мутахассисони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба мардуми маҳаллӣ хизмат мерасонанд.
Инчунин дар баробари маслиҳату машварат аҳолӣ аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад мошинҳои сайёри флюорографӣ, ташхиси ҷузъҳои хун, ташхиси ВНМО, ташхиси бемориҳои сироятӣ сафарбар карда шудаанд.
Ҳамчунин мутахассисони муассисаҳои марказӣ дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, сабти барқии кори дил, ташхиси гастроскопӣ, офталмологӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ ва дигар асбобҳои заруриро бо худ доранд.
Бояд зикр намуд, ки табобат асосан дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Ҳақназаров ва Маркази саломатии рақами 2 шаҳри Кӯлоб сурат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






