Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷавононро аъзои китобхона намуд

Май 5, 2017 13:14

ДУШАНБЕ, 05.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ таҳти унвони «Китоб ганҷинаи бебаҳо, сарчашмаи дониш, махзани хираду заковат» бо иштироки ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ҳамоиш доир гардид.
Ба иттилои мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, ҷавонон бо толорҳои хониш, дастхатҳои қадимӣ, адабиёт бо забони форсӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва компютерӣ, инчунин бо шароити ин махзани илму ирфон шинос гардиданд.
Сипас, дар толори калони хониши ин муассиса ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он оид ба нақши китоб дар рушду инкишофи зеҳнии ҷавонон ва ба воя расидани онҳо дар роҳи дурусти зиндагӣ сухан ронда шуд.
Пас аз ҳамоиш ҷавонон аъзои ин даргоҳи маънӣ гардида, ба 6 гурӯҳ ҷудо шуда, дар тамоми толорҳои хониши Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ба хониши китоб машғул гардиданд.

Май 5, 2017 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо