«Лоиқ ва ҷавонон»-маҳфил дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хотираи шоири шаҳири тоҷик
ДУШАНБЕ, 19.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ ба зодрӯзи шоири тавонои тоҷик Лоиқ Шералӣ 76 сол пур мешавад. Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ ба иншои шеър машғул буд. Лоиқ Шералӣ нобиғаи адабиёти тоҷики садаи бист ба шумор меравад. Ӯ шоирест, ки шеъри гузашта, имрӯза ва ояндаро бо ҳам пайванд додааст. Аз устод Лоиқ шеъру ғазал ва рубоиву дубайтиҳои зиёд боқӣ мондаанд.
Бо мақсади ёдкарди шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Лоиқ ва ҷавонон» маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Маҳмадулло Раҷабзода, ректори донишкада доир ба нақши Лоиқ дар адабиёти муосир ёдовар шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017-ро иқдоми нек донист.
Шоираи шинохта Шаҳрияи Аҳтамзод доир ба ҷойгоҳи шеъри Лоиқ дар адабиёт сухан карда, зикр намуд, ки солҳои 70-уми асри гузашта бо омадани устод Лоиқ фазои адабиёти тоҷик хеле рангину зебо ва дилошӯб гардид.
Шоира аз суҳбатҳои худ бо устод Лоиқ хотираҳояшро ёдовар шуд.
Дар маҳфил донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик аз ашъори Лоиқ шеърҳоро дар мавзӯи Модар, Ватан, Тоҷикистон қироат намуданд.









Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид






