Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 1500 сомонӣ ҷудо намуд

Май 5, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори навбатии худро «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили ҷашни 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ба имзо расонид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур, сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе М. Убайдзода вазифадор гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои расонидани кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, ба ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ ва ба шахсони бо ордену медалҳои Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаҳои шахсони ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ ҷудо намояд.
Ба муовинони раиси шаҳр супориш дода шуд, ки маблағҳои ҷудошуда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бевосита ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд, зимни аёдат дар манзили истиқоматиашон дар рӯзҳои муайянгардида ё дар чорабиниҳои тантанавӣ тақдим карда шаванд.
Қарори мазкур бо мақсади пос доштани хотира, арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, инчунин барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳо ба ифтихори 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ба тасвиб расид.

Май 5, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд