Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳрвандонро ба озмуни кушод даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 22 майи соли равон «Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи нақшаҳои ангоравии иморатсозии хиёбони Борбад, кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Соҳилии шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи нақшаҳои ангоравии иморатсозӣ бо инобати гулгашту фаввораҳо, роҳравҳо ва рангу ороиши биноҳои бисёрошёнаи мавҷудаи кӯчаҳои Н.Қарабоев аз буриши хиёбони С.Шерозӣ то буриши кӯчаи Даврии ҷанубӣ, Соҳилӣ аз буриши хиёбони С.Шерозӣ то кӯчаи Даврии ҷанубӣ, хиёбони Борбад аз буриши хиёбони С.Шерозӣ (роҳи лоиҳавии пайвастшавии хиёбони А.Сино бо хиёбони Борбад) то буриши кӯчаи Ханжин П.С.-и шаҳри Душанбе аз 22 майи соли 2017 то 10 июли соли 2017 бо ҷамъбасти он на дертар аз 15 июли соли 2017 эълон ва шартҳои он тасдиқ гардид.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун аз 10 майи соли 2017 то 10 июли соли 2017 ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо қайди «Барои озмун» ба суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, 48, (почтаи электронӣ: DushanbeSRMhS@mail.ru) пешниҳод намоянд.
Хотиррасон менамоем, ки барои иштирокчиён ва ғолибони озмун мукофот муқаррар шудааст.
Ғолибони озмун минбаъд таҳиягари нақшаҳои иморатсозии мавзеъҳои мазкур мегарданд.
Мукофот барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо пули сомонӣ ва барои ғолиби хориҷӣ мутаносибан бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо доллари ИМА пардохт карда мешавад.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






