Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба барномаҳои фарҳангӣ даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи барномаҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои истироҳат дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт, аз ҷумла муассисаҳои давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём», «Рӯдакӣ», боғҳои «Ирам», «Нишони миллӣ», «Парчами миллӣ» ва «Дӯстии халқҳо» -и шаҳр барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардида истодаанд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода, зикр намуданд, ки Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин барномаҳои фарҳангӣ вазифадор гардидаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меорад, ки барои бофароғат гузаронидани рӯзҳои истироҳатӣ ба макони баргузории барномаҳои фарҳангӣ биёянд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳамчунин бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Майдони «800-солагии Москва» аз 29 апрели соли равон, аз соати 18:30 то 20:00 барномаҳои фарҳангӣ, бадеӣ ва фароғатӣ ҷараён дошта, то 24 июни соли 2017 идома меёбанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра Ансамбли давлатии «Сомон», Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи «Лола», Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ, дастаҳои ҳунарии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо», Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ва Ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири ҳаводорони санъати мусиқиро шод мегардонанд.















Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






