Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат — роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон

Май 31, 2017 14:59

ВАҲДАТ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Ваҳдат бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар якҷоягӣ бо раёсати маориф, шуъбаи фарҳанг ва воситаҳои  ахбори омма бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон» баргузор гардид. Дар ин бора аз бахши ҷавонон, варзиш  ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.,

Новый рисунок (1)Дар конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, хонандагону донишҷӯён ва волонтёрҳои фаъоли шаҳр иштирок намуданд. Омӯзгорон Ҳабиба  Соҳибова ва Муҳаммад Холиқов дар  мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ» маърӯза намуданд.

Қисми бештари иштирокдоронро занону духтарон ташкил медоданд. Муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Майсара Назарбекова бо ёдоварӣ аз рӯзҳои гузашта ва даъвати насли ҷавон ба созандагию ободкорӣ онҳоро ба нигаҳдории сулҳу ваҳдат ва якдилӣ ҳидоят намуд

 

Май 31, 2017 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд