Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат — роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон
ВАҲДАТ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Ваҳдат бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар якҷоягӣ бо раёсати маориф, шуъбаи фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон» баргузор гардид. Дар ин бора аз бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.,
Дар конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, хонандагону донишҷӯён ва волонтёрҳои фаъоли шаҳр иштирок намуданд. Омӯзгорон Ҳабиба Соҳибова ва Муҳаммад Холиқов дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ» маърӯза намуданд.
Қисми бештари иштирокдоронро занону духтарон ташкил медоданд. Муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Майсара Назарбекова бо ёдоварӣ аз рӯзҳои гузашта ва даъвати насли ҷавон ба созандагию ободкорӣ онҳоро ба нигаҳдории сулҳу ваҳдат ва якдилӣ ҳидоят намуд








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






