Маорифчиёни ҷавон бо ёдгориҳои таърихӣ ва мероси ниёгони гузашта шинос шуданд

Май 23, 2017 13:44

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.     Бахшида  ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонон-кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои тобеи он ба шаҳри Норак сафар намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, зимни сафар ҷавонон нахуст аз Неругоҳи барқи обии Норак ва осорхонаи он дидан намуданд. Ба ҷавонон маълумот дода шуд, ки Неругоҳи барқи обии Норак бо иқтидори 3.0ГВт фаъолият намуда, 75 фоизи аҳолиро бо неруи барқ таъмин менамояд. Корҳои лоиҳакашии он солҳои 50-уми асри гузашта оғоз гардида, то соли 1961 идома ёфтаанд.

Баландии дарғоти он 300 метрро ташкил медиҳад, ки то соли 2013 он баландтарин дарғоти ҷаҳон маҳсуб мешуд. Шурўъ аз соли 2014 аз моҳи май то октябр Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Афғонистон неруи барқ интиқол медиҳад.

Иштирокчиёни сафар аз Осорхонаи марказии шаҳр дидан намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ ва мероси гузаштагон, ки дар он нигоҳдорӣ мешаванд, шинос гардиданд.

Сафари маорифчиён бо истироҳат дар соҳили дарёи Вахш ва мусобиқаҳои варзишии футболу волейбол ва тенниси рўймизӣ анҷом ёфт, ки басо хотирмон буд.

 

 

Май 23, 2017 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад