Марҳалаи дуюми машқҳои зиддитеррористӣ дар Маркази ҷумҳуриявии телевизион ва радиои Тоҷикистон мегузарад
ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Нимаи аввали имрӯз дар Душанбе дар доираи Ҷамъомади ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил амалиёти фаврӣ-ҳарбии «озодкунии» Маркази ҷумҳуриявии радио ва телевизиони Тоҷикистон аз террористони шартӣ ва «раҳо намудани гаравгонҳо» баргузор карда мешавад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар амалиёти машқии зиддитеррористӣ дар Маркази ҷумҳуриявии радио ва телевизиони Тоҷикистон сохторҳои махсуси КДАМ ҶТ, ВКД ҶТ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ иштирок мекунанд. Ҷараёни амалиёти машқии мазкур аз тарафи роҳбарони сохторҳои зиддитеррористии кишварҳои ИДМ ва намояндагони СҲШ, СААД ва САҲА мушоҳида карда мешавад.
Тавре аз Маркази зиддитеррористии ИДМ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марҳалаи аввали машқҳои зиддитеррористии «Душанбе-Зиддитеррор-2017» рӯзҳои 23-26 май дар ҳудуди кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ситоди Маркази зиддитеррористии ИДМ баргузор шуда буд.
Марҳалаи аввал ҷараёни ҳамкории хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар мубориза бар муқобили ҷинояткорони байналхалқӣ, пайдо кардан ва пешгирӣ намудани эмиссарони гурӯҳҳои байналхалқии террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гирифтани пеши роҳи ҷалб шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, огоҳсозии кишварҳо зимни сар задани хатарҳои террористӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳамкорӣ дар бахши амният ва бехатариро дарбар гирифта буд.


















Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






