Минбаъд хизматчиёни давлатӣ савганд ёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Аз ин ба баъд хизматчиёни давлатӣ ҳангоми ба кор қабул шудан, дар ҷамъи роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомот назди Парчами давлатӣ истода, даст болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузоранд ва савганд ёд мекунанд. Дар иртибот ба ин 3 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Саидҷаъфар Исмонов, вакили Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин тадбир бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ, интизоми давлатӣ ва хизмати давлатӣ андешида шудааст. Мавсуф афзуд, ки савганд ёд кардан ба номи халқу Ватан яке аз рункҳои фарҳанги давлатдорӣ буда, он ҳатто дар даврони давлатдории ниёгонамон роиҷ буд. Мавсуф афзуд, ки савганд ёд кардан шахсро водор месозад, ки ба ватану миллат содиқ бимонад, бо виҷдону имони комил ва иродаи матин зимни фаъолият дар мақомоти давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва хизмат ба миллат ва Ватан, ки шараф аст, қадамҳои устувор гузорад.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






