Моҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоиш ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Моҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоиш ҷамъбаст гардид. Дар он намояндагони кишварҳои Россия, Испания, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат намуданд.
Дар ҳамоиш котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён оид ба таърихи таъсиси ин ниҳод ва рисолати он ибрози назар кард. Зикр шуд, ки самти фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон ба дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ нигаронида шудааст.
Иштирокдорони ҳамоиш – сарвари Дафтари Кумитаи Салиби сурх дар Тоҷикистон Клавдия Азолини, сарвари Дафтари Федератсияи байналмилалии ҷамъятҳои Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Миёна Байлар Толибов, сарвари намояндагии Салиби сурхи Олмон дар Осиёи Миёна Икром Солиев ва дигарон зимни суханронии худ масоили марбут ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъалаҳоро матраҳ намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш як қатор кормандони Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар дар арсаи башардӯстӣ бо ифтихорномаю нишонҳои фахрӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар моҳи май дар Тоҷикистон «Моҳвораи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон» таҷлил гардида, дар доираи он барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ, чорабиниҳои ҳунарии хайриявӣ ва дигар тадбирҳо доир карда мешаванд.










Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






