«Мо якҷоя ҷангидаем!»: донишҷӯён ба сокинони Санкт-Петербург дар бораи нақши Тоҷикистон дар Ғалаба нақл карданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ ҷавони Тоҷикистон азм карданд, ки сокинони шаҳри Санкт-Петербургро бо Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ҳамзамон назарпурсӣ анҷом дода, муайян кунанд, ки то кадом сатҳ сокинони Санкт-Петербург аз санаҳо ва ҳодисаҳои муҳими Ҷанги бузурги ватанӣ хабар доранд, — иттилоъ додааст агентии «Sputnik». Чорабинии мазкур дар хиёбони Нева ва Майдони назди Қаср гузаронида шудааст.
Ташкилоти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон бахшида ба 72-юмин солгарди ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ дар Санкт-Петербург таҳти номи «Мо якҷоя ҷангидаем!» аксия баргузор намуд. Ҷавонони Тоҷикистон тоқии миллӣ ба сар карда, дар миёни сокинони пойтахти шимолии Россия назарпурсии кӯтоҳ анҷом доданд.
Онҳо ба роҳгузарон муроҷиат карда, суол доданд, ки Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ ба ҷабҳа чӣ кумакҳо расонидааст?
Баъзеҳо хиҷолатмандона китф ба ҳам мекашиданд, аммо нафароне ҳам буданд, ки ба ин савол ҷавоб дода тавонистанд.
«Мувофиқи маълумоте ки ман дорам, Тоҷикистон дар солҳои ҷанг гурезагонро қабул намуда, артиши шӯравиро бо анвои хӯрданӣ таъмин кардааст», — гуфт як зан-сокини Санкт-Петербург ва илова кард, ки инчунин тоҷикон баробари дигарон дар хати пеши ҷабҳа далерона ҷангидаанд.
Ҷавонон ҳамчунин бо пурсишҳои оддӣ ба роҳгузарон муроҷиат карда, саволҳо доданд, ки ҷанг кай оғоз шуд, чанд муддат давом кард, имсол чандсолагии ғалаба ҷашн гирифта мешавад ва ғ.
«Ба ҳавои сарду боронӣ нигоҳ накарда, мо либосҳои миллӣ дар тан ба кӯчаҳои Питер баромада, ба роҳгузарон аз иштироки тоҷикон дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва саҳми тоҷикон дар ғалаба нақл кардем», — иттилоъ дод Аминҷон Абдураҳимов, яке аз ташаббусгарони иқдоми мазкур ба хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон».
«Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур- таҳким бахшидани дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва Россия буда, ҳамчунин мо хостем хотиррасон кунем, ки Тоҷикистон дар солҳои ҷанг барои расидан ба ғалаба саҳми бузург гузоштааст ва ин ҷанг таърихи муштараки мо мебошад», — илова кардааст А.Абдураҳимов.
Хотиррасон мешавем, ки чанде қабл фаъолони гурӯҳи пайҷӯёни Душанбе бо номи «Памят» ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ИДМ барои ҷорӣ намудани унвони махсуси «Шаҳри шарафи тиббӣ-ҳарбӣ» муроҷиат намуданд.
Мувофиқи суханони таърихшиноси ҳарбӣ Ғ.Шерматов, шаҳри Душанбе лоиқ ва сазовор ба гирифтани ин унвон мебошад, зеро солҳои ҷанг ҳазорон афсарону аскарони ҷароҳатбардоштаи шӯравӣ дар шаҳри Душанбе табобат гирифтаанд.
Солҳои Ҷанги Бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон 29 госпитали ҳарбӣ фаъолият мекарданд, ки аскарону афсарони сахт маҷрӯҳшударо барои табобат ба ин ҷо мефиристониданд.











Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






