МТБ ва Палатаи савдо ва саноат сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратиро дар Тоҷикистон боло мебаранд
ДУШАНБЕ, 02.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муштаракро ҷиҳати огоҳ сохтани бахши хусусии кишвар доир ба вазъи феълии иқтисод ва ибтикори ҳукумат дар чаҳорчӯбаи узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) идома медиҳанд. Дар ин росто шурӯъ аз фардо, 3 май намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо тарҳҳои Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences GSP) шинос мешаванд. Соҳибкорони тоҷик ҳамчунин бо василаҳои ҳимояи тиҷорат, ки дар чаҳорчӯбаи қонунии СТҶ дастрасанд, ошно мегарданд. Силсилаи семинарҳо доир ба низоми GSP ва василаҳои ҳимояи тиҷорат дар чаҳорчӯбаи СТҶ барои корхонаҳои узви Палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои содироткунанда ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд баргузор мегарданд. Давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби лоиҳаи МТБ созмон дода шуда, онро Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. GSP низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ буда, тарофаҳоро барои баъзе маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ё аз байн мебардорад. Ҳадафи роҳандозии ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд аст, ки метавонанд бо ин васила дар коҳиши камбизоатӣ, пешбурди рушди пойдор ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад.
Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидат ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми узвият ба СТҶ нақши калидиро бозид ва аз талошҳои кишвар дар иҷрои уҳдадориҳо пас аз марҳилаи узвият низ пуштибонӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






