Муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе вазифадор гаштанд ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шаванд

Май 22, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.     Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017 ва 2018 зимни  ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорат иттилоъ доданд,  аз натиҷаи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тандурустӣ дар давраи тирамоҳу зимистони гузашта сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саидалӣ Амонов муфассал сухан гуфт. Бино ба гуфтаи С.Амонов, на дар ҳамаи муассисаҳо  кор ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. «Ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст набудани баъзе муассисаҳо, сари вақт ва бо сифати баланд таъмин нашудани бархе аз муассисаҳои ноҳияҳои дурдаст бо ангишту ҳезум  чанд мушкилиро ба бор оварда буд»,-илова кард сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

ваз.тандурусти зимистонгузарони4_10Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла  роҳбарони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ, роҳбарони муассисаҳои ташхисиву табобатии ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ супориши қатъӣ дод, ки то 1 сентябри соли равон  ба мавсими  тирамоҳу зимистонгузаронӣ пурра омода шуда, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳисоботи мушаххаси худро пешниҳод намоянд.

Ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст шуда, қувваи барқро сарфа намоянд. Ноҳияҳо ва шаҳрҳо уҳдадор карда шуданд, ки ангишту ҳезумро барои муассисаҳояшон сари вақт захира намоянд.

Май 22, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд