Муколамаи аъзои ҷомеаи арбитрҳои Тоҷикистон ва Аврупо
ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ 30 май зимни нишаст дар Душанбе бо иштироки аъзои ҷомеаи арбитрҳои Тоҷикистон ва Аврупо матраҳ гардиданд. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди ҳамкории байналмилалии ҳуқуқии Германия (IRZ) аз созмондиҳандагони нишаст буда, дар он дар радифи намояндагони мақомоти давлатӣ, донишмандон –ҳуқуқшиносон ва коршиносони олмонӣ ширкат доштанд.
Исрофил Бобоҷонзода, раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии Тоҷикистон /АБТ/ гуфт, ки ҳадафи нишаст мубодилаи афкор оид ба таҷрибаи расмиёти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва рушди қонунгузорӣ дар ин соҳа ва муколамаи аъзои ҷомеаи арбитрҳои Тоҷикистон ва Аврупо мебошад.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ арзёбӣ кард. Мавсуф афзуд, ки бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» аз ҷониби Шӯро ва Раёсати Палатаи савдо ва саноати кишвар қарорҳои марбута қабул гардидаанд.
Зикр шуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» таъсиси Институти арбитражи байналмилалии тиҷоратии ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад. Инчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 Конвенсияи Ню-Йорк дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои арбитражи байналмилалиро ба тасвиб расонидааст.
Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ модели аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи танзими ҳуқуқӣ буда, он манфиатҳои иштирокдорони савдои хориҷиро ифода менамояд.
Иштирокдорони нишаст ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами ташаккули дастури Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, тартиби истеҳсолоти арбитражӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалии умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






