Муколамаи аъзои ҷомеаи арбитрҳои Тоҷикистон ва Аврупо

Май 31, 2017 11:12

        ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масоили мубрами  Арбитражи байналмилалии  тиҷоратӣ  30 май зимни нишаст дар Душанбе бо иштироки  аъзои ҷомеаи арбитрҳои  Тоҷикистон ва Аврупо матраҳ гардиданд. Палатаи  савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Бунёди ҳамкории байналмилалии ҳуқуқии Германия (IRZ)  аз созмондиҳандагони нишаст буда, дар он дар радифи намояндагони мақомоти давлатӣ, донишмандон –ҳуқуқшиносон ва коршиносони олмонӣ ширкат доштанд.

Исрофил Бобоҷонзода,  раиси Арбитражи   байналмилалии  тиҷоратии Тоҷикистон /АБТ/  гуфт, ки ҳадафи нишаст  мубодилаи афкор оид ба  таҷрибаи  расмиёти  арбитражи байналмилалии  тиҷоратӣ ва рушди  қонунгузорӣ  дар ин соҳа ва муколамаи  аъзои ҷомеаи арбитрҳои  Тоҷикистон ва Аврупо мебошад.

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташкили  Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти  ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ арзёбӣ кард.  Мавсуф афзуд, ки  бо мақсади амалисозии Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  арбитражи  байналмилалии тиҷоратӣ»  аз ҷониби Шӯро ва Раёсати  Палатаи савдо ва саноати кишвар қарорҳои марбута қабул гардидаанд.

Зикр шуд, ки мутобиқи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи арбитражи байналмилалии  тиҷоратӣ»  таъсиси Институти   арбитражи   байналмилалии тиҷоратии ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ  аҳамияти муҳим дорад. Инчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2012  Конвенсияи Ню-Йорк дар бораи эътироф ва  ба иҷро расонидани  ҳалномаҳои судҳои   арбитражи байналмилалиро  ба тасвиб расонидааст.

Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ  модели аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофгардидаи  танзими ҳуқуқӣ  буда, он манфиатҳои   иштирокдорони савдои  хориҷиро ифода менамояд.

Иштирокдорони  нишаст  ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами  ташаккули дастури  Арбитражи  байналмилалии тиҷоратӣ, тартиби  истеҳсолоти арбитражӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои  байналмилалии  умумиэътирофшудаи  ҳуқуқи байналмилалӣ  табодули назар карданд.

 

 

 

 

Май 31, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд