Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Осиёи Марказии Бундестаги Олмон
ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел бо даъвати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов роҳбари ҳайати вакилони Бундестаг аз гурӯҳи дӯстии «Олмон ва Осиёи Марказӣ» Манфред Грунд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ташриф овард.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар оғози мулоқот Сафири Тоҷикистон ҳамсуҳбаташро бо 25-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Олмон табрик намуда, сафари расмии ҳайати вакилони Бундестаг аз гурӯҳи дӯстии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-ро бо роҳбарии Манфред Грунд рӯзҳои 8-11 апрели соли равон ба Тоҷикистон, барои вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд.
Манфред Грунд сафари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ самаранок арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар баробари вохӯриҳои судманд дар Парлумони Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар, инчунин имкон доштанд, ки зимни сафар ба шаҳри Норак ва ноҳияи Фархор бевосита бо мардуми тоҷик ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз наздик ошноӣ шинос шаванд.
Ҷонибҳо зимни суҳбат изҳори боварӣ карданд, ки минбаъд низ таҳкими ҳамкории байнипарлумонии байни Бундестаги Олмон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушду тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии байни ду кишвари дӯст вусъати тоза меёбанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






