Муроҷиати шаҳрвандон ба Парлумон афзудааст
ДУШАНБЕ, 04.05.2017/АМИТ «Ховар»/. «Дар соли 2016 ба палатаи поёнии Парлумони кишвар беш аз 700 муроҷиати хаттии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ки ин дар қиёс ба соли 2015 зиёд мебошад. Муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба Парлумон бештар ба масъалаҳои баҳсҳои судӣ, дастрасӣ ба қитъаи замин, оби ошомиданӣ, таъмини роҳ марбут будааст. Абдулбасир Сабуров, мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Маҷлиси намояндагон зимни машварате, ки имрӯз дар Парлумони кишвар дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид, гуфт, ки ҳамзамон соли гузашта 3 ҳазору 691 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.
Абдулбасир Сабуров роҷеъ ба моҳияти қонун ва паҳлӯҳои раванди татбиқи он дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуд, ки рисолати қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати шаҳрвандон иборат буда, он муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилот, муассисаҳо, корхонаҳо, ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
Мавсуф ҳамчунин роҷеъ ба муроҷиати электронӣ, шифоҳӣ, тавассути ВАО, дастҷамъона ва муроҷиати такрорӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки шахсони мансабдор ва ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиатҳоро моҳиятан баррасӣ менамоянд, ба ин самти кор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Таъкид шуд, ки дар доираи ин қонун таъқиби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти марбута вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






