Нақшаи кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд дар ҳоли иҷро шудан аст

Май 13, 2017 09:45

ХУҶАНД, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои шимоли кишвар чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо маром идома доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Идораи кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли равон кишоварзони шимоли Тоҷикистон азм доранд бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишти баҳориро сари вақт гузаронида,  ҳосили фаровон ба даст оранд.

Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо хуб ба роҳ монда шуда, соли равон тибқи дурнамо бояд дар майдони 170546 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шавад. То 11 май иҷрои ин нишондод 90,8% ё ин ки 154 ҳазору 783 гектарро ташкил дода, корҳо дар ин самт хосатан дар ноҳияҳои  Шахристон (99,1%), Истаравшан (97,6%), Мастчоҳ (94,2%), Зафаробод (94,2%) ва Деваштич (94%) хуб ба роҳ монда шудаанд.

 

 

Май 13, 2017 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд