Нақшаи кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд дар ҳоли иҷро шудан аст
ХУҶАНД, 13.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои шимоли кишвар чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои саҳроӣ, аз ҷумла, кишти баҳорӣ бо маром идома доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз Идораи кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, соли равон кишоварзони шимоли Тоҷикистон азм доранд бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишти баҳориро сари вақт гузаронида, ҳосили фаровон ба даст оранд.
Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии 14 шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо хуб ба роҳ монда шуда, соли равон тибқи дурнамо бояд дар майдони 170546 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шавад. То 11 май иҷрои ин нишондод 90,8% ё ин ки 154 ҳазору 783 гектарро ташкил дода, корҳо дар ин самт хосатан дар ноҳияҳои Шахристон (99,1%), Истаравшан (97,6%), Мастчоҳ (94,2%), Зафаробод (94,2%) ва Деваштич (94%) хуб ба роҳ монда шудаанд.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






