Намоишгоҳи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Анқара
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 16 майи соли равон дар Донишгоҳи Ҳаҷеттепеи шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Фестивали байналмилалии донишҷӯён баргузор шуд. Дар ҷаҳорчӯби он дар гӯшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асбобҳои мусиқии миллӣ бахшида ба Рӯзи Шашмақом, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 май дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, барпо шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.
Бо иштироку дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва ҷалби донишҷӯёни тоҷик дар гӯшаи миллии кишвар ба меҳмонони намоиш ашёҳои гуногуни анъанавӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ пешкаш гардида, ба ҳозирин оид ба Шашмақом, ки яке аз намунаҳои мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор рафта, соли 2003-юм дар Феҳристи куҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва сармояи ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудааст, нақл карда шуд.










ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






