Насим Олимзода бо Катрин Оллерс татбиқи лоиҳаҳо дар самти иҷтимоиро баррасӣ карданд

Май 30, 2017 09:02

ДУШАНБЕ, 30.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бонн 26 май мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия  оид ба ҳамкории молиявӣ-иқтисодӣ хонум Катрин Оллерс баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот Насим Олимзода ба ҷониби олмонӣ барои дастгирии пайваста дар рушди бахшҳои иҷтимоии Тоҷикистон, бахусус бахши тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки алҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи молиявии кишвари Ҷумҳурии Федераивии Германия  лоиҳаҳо дар самти ҳифзи модару кӯдак, пешгирии бемории сил, таҷҳизонидани беморхонаҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи олмонӣ амалӣ мегарданд. Ҷонибҳо ҳамкории мутақобилан судманди ҳарду кишвари дӯстро муҳим арзёбӣ карда, омодагии худро ҷиҳати минбаъд низ амалӣ намудани лоиҳаҳо дар самти иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳор намуданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Франкфурти соҳили Майни Германия  мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо директори минтақавии Бонки рушди Германия (KfW) Олаф Зимелка баргузор гардид, ки зимни  он масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳое, ки бо дастгирии Бонки рушди Германия дар соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар мулоқотҳо Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов низ иштирок намуд.

 

 

Май 30, 2017 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид