Неруҳои амниятии кишвар кӯшиши қочоқбаронро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон барбод доданд
ХОРУҒ, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Вамди ноҳияи Рӯшон Фаррух Назришоев ва Ҳабибуло Абдуллоев бо маслиҳати пешакӣ бо Мурод ном нашъаҷаллоб дарёи Панҷро ғайриқонунӣ убур намуда, дар деҳаи Ҷоведи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, дар хонаи дӯсташон «меҳмон» мешаванд. Дар ин ҷо бар ивази машруботи спиртӣ ва иловаи пули нақд маводи мухаддирро дастрас намуда, худи ҳамон рӯз ба зодгоҳашон бармегарданд. Аммо дар бозгашт кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин амали ғайрқонуниашонро пайгирӣ мекарданд, бо баргузории як амалиёти фаврӣ дар соҳили дарёи Панҷ бо камераи мошини боркаш ва миқдори муайяни маводи мухаддири навъи героин ва ҳашиш онҳоро боздошт мекунанд. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати Кумитаи давлатии миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба ин ду нафар бар асоси моддаҳои 335, қисми 2, 201 қисми 3 ва 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Аз Раёсати мазкур ҳамчунин хабар доданд, ки яке аз ду қочоқбар- Фаррух Назришоев соли 2014 низ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайрқонунии марзи давлатӣ аз сӯи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир ва бо ҳукми суд ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардида будааст. Ӯ соли 2016 тибқи Қонун «Дар бораи авф» аз маҳбас озод шуд. Аммо баъди ҳамагӣ чанд моҳ боз даст ба ҷиноят зад.








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






