Ҳолатҳои ба доми қаллобон афтодани шаҳрвандон ошкор шуданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани якчанд ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ба Шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 24 майи соли 2016 зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб 72 ҳазор сомониашро гирифта, барнамегардонад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зани 37-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Гумонбаршуда аз соли 2016 то моҳи феврали соли 2017 ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, аз ӯ 49 ҳазору 200 доллари амрикоӣ, аз марди 37-солаи сокини шаҳри Бӯстон 5 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор доллари амрикоӣ, инчунин соли 2016 аз марди 29-солаи сокини шаҳри Бӯстон 12 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба ин монанд, марди 49-солаи сокини шаҳри Ҳисор барои даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир гардид. Гумонбаршуда бо суиистифода аз боварӣ аз марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе 8 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, бозпас нагардондааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






