Ҳолати молиявии ду бонки низомсоз- «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи феълии низоми бонкӣ дар кишвар, аз ҷумла ҳолати молиявии ду бонки низомсоз- ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 30 май зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Айтен Рустамова ва Директори ширкати байналмилалии машваратии «Alvarez&Marsal» Николай Кузнетсов мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, мулоқоти мазкур дар доираи кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва шартномаи ҳамкорӣ бо Ширкати байналмилалии машваратии «Alvarez&Marsal» ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии ду бонки низомсоз- ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сифати сандуқи қарзӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо, шабакаи филиалҳо, вазъи таъминоти барномавӣ ва иттилоотӣ ибрози назар намуданд.
Зимни мулоқот муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ширкати «Alvarez&Marsal» ҷиҳати таҳияи нақшаи солимгардонии бонкҳои мазкур омода аст. Аз ҷумла, бо ишора ба таҷрибаи касбии мутахассисони ширкат Ҷамолиддин Нуралиев изҳори боварӣ намуд, ки аз ҷониби ширкати «Alvarez&Marsal» модели нав ва муносиб барои солимгардонии бонкҳои номбурда таҳия ва пешниҳод хоҳад шуд.
Директори Ширкати байналмилалии машваратии «Alvarez&Marsal» Николай Кузнетсов барои ҳамкорӣ ва мусоидат аз намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки барои сазовор гаштан ба интизории Бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кофӣ дар ин самт тамоми саъю кӯшиши худро равона хоҳад сохт.
Боиси тазаккур аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марина Ермакова, мутахассисони Ширкати байналмилалии машваратии «Alvarez&Marsal» Александр Волчков, Александр Еремин, Андрей Шинкаренко ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






