«Ҳоло ки ман ҷавонам…»- фестивал-озмун дар шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 16.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли ҷавонон ва фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар миқёси шаҳри Хуҷанд силсилабарномаҳои варзишӣ ва маърифатию фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Гулчини маърифат» — и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фестивал — озмун таҳти унвони «Ҳоло ки ман ҷавонам…» баргузор гардид.
Дар фестивал зикр гардид, ки «сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон сол то сол фарохтар мегардад. Ин аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат имсол дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон гардид. Ҳоло ки мо дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор дорем, месазад, ки ба ғамхорию пуштибониҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ҷавон содиқ буда, дар рушду шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем».
Дар фестивал-озмун хонандагони синфҳои болоӣ фаъолона ширкат варзида, маҳорати хешро дар омодасозии хӯришҳо ва оши палов нишон доданд.
Баҳри болидахотирии иштирокчиёни озмун барномаи фарҳангӣ доир карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






