Омӯзиши тарҳи стратегии тиҷорат барои корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

Май 30, 2017 09:51

ДУШАНБЕ, 30.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар шаҳри Хуҷанд давраи омӯзиширо дар мавзӯи мудирияти захираҳои инсонӣ ва таҳияи тарҳи тиҷоратӣ барои корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон баргузор намуд.
Ба иштирокдорони давраи омӯзишӣ доир ба аҳамияти роҳандозии низоми муассири мудирияти захираҳои инсонӣ ва тарҳи стратегии тиҷоратӣ маълумот пешниҳод мешавад. Ҳадафи он мусоидат ба корхонаҳои хурду миёна дар самти афзоиши маҳсулнокӣ ва рушди тиҷорат мебошад.
Раҳмат Хакулов, мудири ширкати маҳаллии «ISD Consulting», ба иштироккунандагони давра роҳҳои муайян кардани вазифа ва нақши менеҷери захираҳои инсонӣ ва иртиботи муассири нишондиҳандаҳои аслии рушди тиҷоратро бо ҳавасмандии кормандон меомӯзонад. Инчунин иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо василаҳои таҳияи тарҳи муваффақи тиҷоратӣ шинос хоҳанд шуд. Раҳмат Хакулов мегӯяд, ки «омӯзиши пайвастаи соҳибкорон калиди муваффақияти тиҷораташон мебошад. Мутаассифона, аксари соҳибкорон ба сабаби серкорӣ ва иваз кардани ҷойи кор наметавонанд барои рушди тиҷораташон таваҷҷуҳ намоянд. Ин боиси истифодаи номуассир аз имкониятҳои мавҷуда шуда, рушди динамикии тиҷоратро бозмедорад».
Бояд зикр кард, ки иштирок дар давраҳои омӯзишӣ доир ба тарҳрезии стратегии тиҷорат ва мудирият имкон медиҳад, то соҳибони тиҷорат ва мудирон ҳадафҳо ва стратегияи рушдро муайян намоянд, низом ва василаҳои мудириятро беҳтар гардонанд ва тиҷораташонро густариш диҳанд.

Май 30, 2017 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд