Ҷоми AFC-2017: имрӯз бозии байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар гурӯҳи «D» миёни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек, ҷоизадори чемпионати Қирғизистон ва «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон баргузор мегардад. Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» дар вохӯрии аввал дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 дар гурӯҳи «D» бар дастаи «Дордой» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шудааст. Ин бозӣ 14 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардида буд. Ҳисобро ҳимоятгар Дэвид Мавутор, легионери африқоӣ аз Гана дар дақиқаи 17-ум кушод. Баъд аз панҷ дақиқа тӯби дуюмро ба дарвозаи «Дордой» Ҷаҳонгир Алиев ворид намуд.
Дар бозии дигари даври панҷум дар гурӯҳи «D» 17 май дастаи футболи «Олтин Асир»-и Ашқобод, қаҳрамони Туркманистон дар майдони худ бо дастаи «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон рақобат мекунад.
Баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи «Олтин Асир»-и Ашқобод низ 10 имтиёз ба даст овардааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Дастаи «Дордой»-и Бишкек бо се имтиёз дар мақоми сеюм аст. Дастаи «Олой»-и Ӯш бидуни имтиёз дар зинаи охирин — чаҳорум ҷойгир шудааст.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






