Онҳоеро, ки барои озодии ин сарзамин ва саодати халқ ҷоннисориҳо кардаанд, бояд гиромӣ дошт
ДУШАНБЕ, 09.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, тантанаҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 имрӯз дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ чунин иброз доштанд: «Ин санаи дар ҳақиқат таърихӣ на танҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас мебошад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ ба шумор меравад.
Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихору сарфарозӣ иброз медорем, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари фарзандони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми арзишманд гузоштаанд».
Дар ин рӯз ба «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат, аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва ҷавонон ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қӯшунҳои ҳарбии гарнизони Душанбе бо тантана аз назди ҳозирин гузар карданд.
Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созанда изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷабҳаҳои ҶБВ 250 ҳазор нафар тоҷикистониён иштирок карда, 54 нафарашон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштаанд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






