Парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид менамояд
ДУШАНБЕ, 01.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур 1 май дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат инчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Созишномаи грантии (маблағгузории берунӣ) лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд муҳокима гардида, ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






