Пешвои миллат «Мо бояд фитри рӯзаро на ба шахсони тавонманду доро, балки ба эҳтиёҷмандону ятимон хайр намоем»
ДУШАНБЕ, 27.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба фаро расидани моҳи шарифи Рамазон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон Паём фиристода, тамоми мусулмонони кишварро бо моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи сабру таҳаммул, хайру баракат ва бахшоишу оромиш аст, табрик намуданд.
Пешвои миллат дар Паёмашон мардуми ҷумҳуриро дар ин моҳи шариф ба анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб, аз қабили расонидани кӯмак ба қишрҳои эҳтиёманди ҷомеа, ятимону маъюбон, худдорӣ аз зиёдаравию исрофкорӣ ҳангоми барпо намудани маъракаҳо дар моҳи Рамазон, хусусан дар ифтор ҳидоят намудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид кардаанд: «Мо бояд фитри рӯза ё садақаи фитрро на ба шахсони тавонманду доро, уламову ходимони дин, балки ба касони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон хайр намоем ва дар ин амал низ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем».
Ҳамзамон дар моҳи мубораки Рамазон анҷом додани корҳои хайр, ба мисли бунёди мактаб, маркази тиббӣ, таъмир ва сохтмони роҳ, инчунин таъмини аҳолии маҳалле бо оби ошомиданӣ дар Паёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон махсус зикр гардидааст. Анҷом додани чунин амалҳои хайр аз ҷониби шахсони саховатманду тавоно дар моҳи Рамазон савобест бузург, зеро гуфтаанд: «муъмин бародари муъмин аст».








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






