Пратибҳа Меҳта: «Рушди ҳар як кишвар аз суботу оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст»

Май 26, 2017 09:49

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Барномаи рушди СММ Пратибҳа Меҳта вохӯрӣ доир намуд. Дар ин  бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ  Вазири корҳои дохилӣ хонум Пратибҳа Меҳтаро ба муносибати ба ин вазифаи масъулиятнок таъйин гардиданаш табрик намуда, гуфт, ки «29 январи соли 1992 Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи худ қарори қабул намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти СММ пешниҳод намуд. Ҳамин тавр 2 марти соли 1992 дар сессияи 46-уми Ассамблеяи СММ қарор оид ба қабул намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ якдилона қабул гардид».

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон нақши муассири Созмони Милали Муттаҳидро дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва ҳамкорӣ дар ин самт муҳим арзёбӣ менамояд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои СММ, ба монанди Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо, Хазинаи кӯдакони СММ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират фаъолона ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта барои пазироии самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки «рушду инкишофи ҳар як кишвар аз суботу оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст. Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша тарафдори сулҳ ва рушду инкишофи саросарии кишварҳои дунё мебошад».

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи кӯдакон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша намуданд. Махсусан ҷиҳати густариш додани ҳамкории фаромарзӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва рушд диққати асосӣ дода шуд.

Дар интиҳои вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд бо мақсади таъмини оромӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар минтақа боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

 

 

Май 26, 2017 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст