Пратибҳа Меҳта: «Рушди ҳар як кишвар аз суботу оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст»
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Барномаи рушди СММ Пратибҳа Меҳта вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ хонум Пратибҳа Меҳтаро ба муносибати ба ин вазифаи масъулиятнок таъйин гардиданаш табрик намуда, гуфт, ки «29 январи соли 1992 Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи худ қарори қабул намудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба узвияти СММ пешниҳод намуд. Ҳамин тавр 2 марти соли 1992 дар сессияи 46-уми Ассамблеяи СММ қарор оид ба қабул намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СММ якдилона қабул гардид».
Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон нақши муассири Созмони Милали Муттаҳидро дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва ҳамкорӣ дар ин самт муҳим арзёбӣ менамояд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои СММ, ба монанди Раёсати Олии Комиссариати СММ оид ба гурезаҳо, Хазинаи кӯдакони СММ ва Созмони байналмилалии муҳоҷират фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта барои пазироии самимӣ ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки «рушду инкишофи ҳар як кишвар аз суботу оромӣ ва тинҷию амонӣ вобаста аст. Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша тарафдори сулҳ ва рушду инкишофи саросарии кишварҳои дунё мебошад».
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳифзи кӯдакон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ибрози андеша намуданд. Махсусан ҷиҳати густариш додани ҳамкории фаромарзӣ барои расидан ба сулҳи устувор ва рушд диққати асосӣ дода шуд.
Дар интиҳои вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманд бо мақсади таъмини оромӣ ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар минтақа боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.








Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






