Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангӣ ба хотири рушд ва гуфтугӯ муттаҳидсозандаи ҷомеаи башарист

Май 21, 2017 08:07

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 21.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2002 инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола 21 майро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии рангорангии фарҳангӣ ба хотири рушд ва гуфтугӯ таҷлил мекунад. Ҷашнгирии ин рӯз натанҳо ба хотири рангорангии фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон сурат мегирад, балки барои нишон додани пурғановативу бойигарии фарҳангии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва нақши калидӣ доштани фарҳанги умумибашарӣ дар роҳи расидан ба рушду устуворӣ қайд карда мешавад. Ин рӯз имконият медиҳад, то ҷомеаи башарӣ сари он андеша намояд, ки чӣ гуна ва бо кадом тарз метавонанд инъикоси рангорангии шаклҳои фарҳангӣ баҳри муошират, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамчунин баҳамойии омилҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ то чӣ андоза ба хотири рушди устувор таъсиргузор бошад.

Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангӣ ба хотири рушд ва гуфтугӯ имконият фароҳам меорад, то ки барои муттаҳидии фарҳангҳо бо зикри муҳимият ва арзишмандиву гуногунии онҳо, ки асоси таҳрикдиҳандаву ба ҳам омадани фарҳангҳои умумиҷаҳонист, мусоидат намояд.  Ин рӯз СММ, давлатҳои аъзо, мақомоти байниҳукуматӣ, созмонҳои СММ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро муваззаф менамояд, то ҷомеаро бо арзишҳо ва муҳимияти гуногунии фарҳангҳо, алалхусус расонидани ёрмандӣ ба василаи ВАО оид ба манфиат ва нақши бориз доштани рангорангии фарҳангӣ ва таъсири мусбат доштани он даъват намоянд.

Ба гуфтаи Директори Генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова, ки ташкилоти номбурда асосгузорандаи ин ҷашнвора дар соли 2001 бо қабули Эъломияи гуногунии фарҳангӣ ба хотири гуфтугӯ ва рушд ба ҳисоб меравад, низомномаи ЮНЕСКО ба дӯши ин созмон масъулияи расонидани кумак барои «ҳифзи ҳуввияти фарҳанги»-и давлатҳои аъзои онро вогузор менамояд. «ЮНЕСКО ҳамчун созмони дар самти фарҳангӣ фаъолиятбаранда дар ҷаҳон метавонад инсонҳои оламро дар саъю кӯшишҳо ва умедҳояшон дастгир бошад. Маҳз дар ин заминаи фикрӣ мебояд ҷашнгирии рӯзи 21 майро ҳамчун ҳадафи ҳамешагӣ, ки моро бо ҳам муттаҳид мекунад, дар назар дошта бошем».

Бояд зикр намуд, ки Эъломияи умумии ЮНЕСКО оид ба гуногунии фарҳангӣ василаи хубест барои гуфтугӯ ва рушди ҷомеаи башарӣ ва аз насл ба насл гузаронидани  мероси рангоранги бойи фарҳангӣ.

Ирина Бокова зимни баромади худ дар таҷлили ин ҷашн қайд намуда буд, ки ҳифз ва нигаҳдории гуногунии фарҳангҳо бояд яке аз муҳимтарин мақсад ва шиори ҳамешагии ҷомеа ба шумор равад. «Ҳар яки мо бояд ба он кӯшишу талош намоем, то гуногунии фарҳангие, ки ба хотири бавуҷудории муколамаҳои байнифарҳангӣ ташкил шудааст, бойигарии умуммибашарии мо гардад. Танҳо бо ин васила мо метавонем аз низоъҳои фоҷиабор эмин гардида, ба рушди устувор ва муколамаи созанда ноил гардем.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ба фарҳанг омилҳои гуногун таҳдид мекунад. Дар як маврид, ҳифзи аз меъёр зиёди ҳувияти миллӣ ва фарҳанги худӣ таҳдид ба фарҳанги гурӯҳҳои аққаллиятҳост ва дар  мавриди дигар  қариб дар тамоми кишварҳои дунё бо таъсири ҷаҳонишавӣ забонҳо аз байн мераванд,  урфу одатҳо гум мегарданд, фарҳангҳои осебпазир дар ҳоли нопадидшавӣ ва ё аз байнравӣ қарор мегиранд. Аз ин рӯ, хатари ба якборагӣ кам гаштани паҳноии гуногунрангии фарҳангӣ хеле ҷиддӣ буда, масъалаи ҳифзи мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда хеле мубрам аст.

Маҳз ин ҳама далелҳо ва дарки мавҷудияти онҳо омили қабули Эъломияи умуммии ЮНЕСКО оид ба гуногунрангии фарҳангӣ, ки бо худ 20 самтро дар бар мегирад дар соли 2001 гардид.  Самтҳои асосии ин нуқтаҳо роҳҳои нави ҳамбастагии фаҳмишҳо миёни гуногунрангӣ, гуфтугӯ ва рушдро дар бар мегиранд.   Ин се фаҳмиш бо ҳам алоқаманд буда, имкон медиҳанд, то ки захираҳои мадании башариятро ба инобат гирифта, онҳоро барои истифода муносиб гардонанд.

Набояд фаромӯш кард, ки фарҳанг воситаи  ҷамъоварӣ, ҳифз  ва интиқоли таҷрибаи иҷтимоии инсонист, ки нигоҳдорӣ ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Пас, месазад то дар нигаҳдорӣ ва ҳифзи ин арзишҳо ҳамеша талош варзем.

 

 

 

 

Май 21, 2017 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад