Рамазон Раҳимзода ба ҷавонон: «Бояд ҳамарӯза аз таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир огаҳ бошед!»
ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар доираи Соли ҷавонон бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуда, оид ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дарси омӯзишӣ гузаронид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки моҳияти Соли ҷавонон ин аст, ки нақши ҷавонон дар пешбурду тараққиёти кишвар ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа боз ҳам таъсирбахш гардида, ҷавонон дар ободию созандагии диёри хеш саҳмгузор бошанд.
«Бояд ҳамарӯза аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир ба воситаи интернет ва воситаҳои ахбори омма огаҳӣ пайдо намоед. Дарди дили мардумро ҳис кунед ва дар оянда мутахассиси хуб шавед. Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосирро аз худ намоянд, зеро мо бо дигар кишварҳо ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дорем ва донистани забонҳои хориҷӣ барои кор ниҳоят муҳим аст».
Зикр гардид, ки курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бояд малакаю дониши худро баланд бардошта, бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ, қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза баранд ва барои таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саъю талош варзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






