Рамазон Раҳимзода ба ҷавонон: «Бояд ҳамарӯза аз таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир огаҳ бошед!»

Май 31, 2017 09:24

ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар доираи Соли ҷавонон бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуда, оид ба фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дарси омӯзишӣ гузаронид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки моҳияти Соли ҷавонон ин аст, ки нақши ҷавонон дар пешбурду тараққиёти кишвар ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа боз ҳам таъсирбахш гардида, ҷавонон дар ободию созандагии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

«Бояд ҳамарӯза аз ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир ба воситаи интернет ва воситаҳои ахбори омма огаҳӣ пайдо намоед. Дарди дили мардумро ҳис кунед ва дар оянда мутахассиси хуб шавед. Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосирро аз худ намоянд, зеро мо бо дигар кишварҳо ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дорем ва донистани забонҳои хориҷӣ барои кор ниҳоят муҳим аст».

Зикр гардид, ки курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бояд малакаю дониши худро баланд бардошта, бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ, қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза баранд ва барои таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саъю талош варзанд.

 

Май 31, 2017 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад