Рамазон Раҳимзода: «Ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ ва ҳимояи марзу бум вазифаи муқаддас аст!»

Май 29, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 29.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Хатлон вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизмат ва фаъолияти афсарону сарбозони ин қисми низомӣ шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматбарӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.

Зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар, бахусус Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, мувофиқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки сол аз сол боло рафтани иқтидори давлату Ҳукумат, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва авҷи тараққиёти иқтисодиёту саноат ба беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонии афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат намуда, тамоми имкониятҳо барои хизмат фароҳам оварда шудаанд.

«Муҳайё гардидани чунин шароити хуби хизматӣ аз ҳар як афсар ва сарбози содиқи Ватан тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, вазифаҳоеро, ки дар назди онҳо гузошта мешаванд, бо сари баланд, бошарафона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро намоянд. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»,-гуфт вазир.

 

 

Май 29, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд