Рамазон Раҳимзода: «Ҳифзу ҳимояи мардум яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия мебошад»
ДУШАНБЕ, 21.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» бо ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ нахуст дар маросими ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ барои ҳайати шахсии ДТММ дар минтақа ва ноҳияи Рашт иштирок намуда, ҳайати кормандону афсарони ин ниҳоди бонуфузро ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» табрику муборакбод кард ва ба онҳо дар пешрафти фаъолияти хизматӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Мавсуф зимни вохӯрӣ қайд кард, ки ҳифзу ҳимояи мардум, амнияти шаҳрвандон, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуб яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия мебошад, ки афсарону кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ин рисолати хешро то кунун сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Сипас, дар саҳни бинои Дастаи таъиноти махсуси милитсия аз ҷониби ҳайати шахсии ин ниҳод машқҳои тактикӣ-низомӣ намоиш дода шуд, ки он омодабошӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва ҷисман обутоб ёфтани кормандони таъиноти махсусро дар ҳама ҳолат бори дигар муаррифӣ кард.
Ба иттилои манбаъ дар интиҳои чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» як қатор кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






