Роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳо дигар намояндаи Президент дар маҳалҳо нестанд

Май 18, 2017 16:10

        ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон  тағйиру иловаҳоро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ намуданд. Тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон ҷавонони синнашон аз 20-сола боло ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба ҳайси раис дар мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти Тоҷикистон  интихоб гарданд.

Ҳамзамон аъзои Маҷлиси миллӣ тағйиротро ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ» ҷонибдорӣ намуданд, ки  дар асоси он минбаъд раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо ба ҳисоб намераванд, зеро онҳо дар назди Президенти кишвар ҳисоботдиҳандаанд.

Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ инчунин тағйиру иловаҳо ба Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷонибдорӣ гардид. Фарҳод Раҳимӣ, раиси  кумитаи Маҷлиси миллӣ, ки ин масъаларо шарҳ дод, гуфт, ки тибқи ин тағйирот  ятимон, маъюбон ва ҷавононе, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз имтиёз бархӯрдор мегарданд. Имтиёзҳо аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.  Тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» танҳо нафароне дар мақомоти нотариати давлатӣ  фаъолият менамоянд, ки дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ  ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» низ аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ ёфт.

Тибқи он ҳамасола 20 март дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг  таҷлил мегардад.

Май 18, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид