Роҳҳои татбиқи Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи солонаи Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак баҳри рушд дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 (ЮНДАФ) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон, агентиҳои СММ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласаи муштарак баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод оғоз намуда, сипас ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта натиҷаҳои асосии соли аввали татбиқи ЮНДАФ-ро муаррифӣ намуд.
Зикр гардид, ки натиҷаҳои асосии соли аввали татбиқи ЮНДАФ аз дастгирии ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф, андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ иборат буд.
Ҳамчунин дар доираи ҷаласа рӯнамоиҳои роҳбарони гурӯҳҳо аз рӯи шаш натиҷаи ЮНДАФ шунида шуд.
Дар интиҳо иштирокчиён мушкилоти асосӣ ва роҳҳои татбиқи минбаъдаи ЮНДАФ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






