«Саҳми ман дар рушди кишвар»-ҳамоиш дар шаҳри Ҳисор
ДУШАНБЕ, 18.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» маҷмӯи чорабиниҳо таҳти унвони «Рӯзҳои «Созандагони Ватан» доир гардида истодаанд, ки ҳадаф аз баргузории онҳо тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ арзёбӣ карда мешавад.
Тавре аз ТҶҶ «Созандагони Ватан» хабар доданд, дар шаҳри Ҳисор низ чунин як ҳамоши ҷавонон таҳти унвони «Саҳми ман дар рушди кишвар» дар доираи «Рӯзҳои «Созандагони Ватан» доир гардид.
Ҳамоиш аз якчанд қисмат, роҳпаймоии ҷавонон, кашидани расми беҳтарин, намоиши маҳсули корҳои дастӣ, барномаи сиёсӣ ва фарҳангӣ иборат буд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ҷавони бо нангу номус ва озодандешро мебояд, ки дар самти пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кӯшиш ба харҷ дода, бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ки ба ин ду арзиши олии миллӣ хатар эҷод менамоянд, муборизаи беамон баранд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи баланди шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, ба фаъолон ифтихорномаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» супорида шуданд.
- SONY DSC
- SONY DSC
- SONY DSC
- SONY DSC
- SONY DSC













Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






