«Саҳми Музаффар Махсумов дар илми астрофизика»-ҳамоиш дар Академияи илмҳои ҶТ

Май 18, 2017 12:13

ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ бахшида ба фаъолияти узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика шодравон Музаффар Махсумов дар мавзӯи «Саҳми Музаффар Махсумов дар илми астрофизика» ҷамъомад доир гардид.
Дар ҳамоиш аз ҷониби олимони соҳаи физика ва математика, инчунин донишҷӯён дар бораи фаъолият ва саҳми арзандаи Музаффар Махсумов дар омӯзиши сохтори галактикаҳо ва динамикаи онҳо маърӯзаҳо шунида шуданд.
Директори Пажӯҳишгоҳ Гулчеҳра Қоҳирова зикр намуд, ки марҳум Музаффар Махсумов яке аз олимони намоёни Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ ба шумор рафта, дар омӯзиши сохтори галактикаҳо ва динамикаи онҳо, яъне дар астрономияи берун аз галактикаи мо саҳми арзанда гузоштааст. Фаъолияти илмии номбурда хеле пурсамар буда, дар зиёда аз 60 мақола, аз ҷумла мақолаҳо аз рӯи динамика -ҳаракат ва инкишофи ситораҳо, астрономияи берун аз галактикаи мо, физикаи метеорҳо, оид ба фаъолияти илмии Пажӯҳишгоҳ ва олимони он сабт гардидаанд.
Зимни қироати маърӯзаҳо зикр гардид, ки мавзӯи тадқиқоти илмии ӯ асосан ба омӯзиши сохтор ва динамикаи системаҳои ситораҳо ва замимаҳои он ба физикаи галактикаҳо вобаста буд. М. Махсумов назарияи кинетикии плазма ва назарияи асимптотикии лаппишҳои ғайрихаттиро дар таҳаввули системаҳои ситораҳои галактика истифода бурда, ноустувории ҷозибавиро дар динамикаи галактикаҳо ошкор намуд.
Агар шодравон Музаффар Махсумов дар қайди ҳаёт мебуд, имрӯз ба синни 80 мерасид.
Ёдовар мешавем, ки Музаффар Махсумов солҳои 1954-1957 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1958-1961 дар факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Москва таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси физик гаштааст.
Фаъолияти илмии ӯ соли 1964 дар Институти физикаю техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, соли 1966 дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ ба кор шурӯъ карда, то охири умр дар ин ҷо фаъолият доштааст.
Аз соли 1977 то соли 1992 номбурда ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Инчунин солҳои 1970-2010 вазифаи мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаҳои ситораҳоро иҷро мекард. Соли 1970 дараҷаи «Ходими калони илмӣ»-и М. Махсумов аз рӯи ихтисоси «Астрофизика» аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионӣ тасдиқ шуд. Барои тадқиқотҳои илмӣ дар самти омӯзиши динамикаи галактикаҳо соли 1993 М. Махсумов узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Яке аз фаъолиятҳои намоёни М. Махсумов зимни директори Пажӯҳишгоҳ буданаш ин қарор оид ба шурӯъ намудани сохтмони Расадхонаи астрономии «Санглох»-и Пажӯҳишгоҳ дар кӯҳи Санглохи ноҳияи Данғара ба шумор меравад.
М. Махсумов 19 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст.

Галактикаи морпечак, ки мавзӯи тадқиқоти М. Махсумов буд.
Галактикаи морпечак, ки мавзӯи тадқиқоти М. Махсумов буд.

Саршавии Расадхонаи астрономии «Санглох» дар охири солҳои 1970. Дар байн М. Махсумов.
Саршавии Расадхонаи астрономии «Санглох» дар охири солҳои 1970. Дар байн М. Махсумов.

Май 18, 2017 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд