Сабаби сӯхтор дар қисме аз мағозаҳои бозори «Фархор» муайян гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозорҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фархор» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дунё», воқеъ дар ноҳияи Фархорро расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ номид. Зикр шуд, ки ин ноқилҳо тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дӯконҳои савдо мегузаштанд ва дар натиҷаи вазидани шамоли сахт сӯхтор ба амал омадааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дирӯз соати 17:10 дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифта, дар қисме аз мағозаҳои бозорҳои ҶДММ «Фархор» ва ҶДММ «Дунё», воқеъ дар ноҳияи Фархор сӯхтор сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ҳодисаи сӯхтор нақлиёти оташнишонӣ бо ҳайати шахсӣ сафарбар гардида, сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Ҳангоми сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта нашудааст.
«Барои муайян кардани зарари аз сӯхтор расида комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти дахлдор таъсис гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд»,-зикр намуд манбаъ.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






