Сафорати Британияи Кабир: «Гуворост, ки манзараҳои зебо ва меҳмоннавозии самимии Тоҷикистон ҳарчи бештар сайёҳони бритониёиро ба худ ҷалб мекунад»
ДУШАНБЕ, 06.05.2017. /АМИТ»Ховар»/. Ба Сафорати Британияи Кабир мушоҳидаи манзараҳои зебо ва меҳмоннавозиҳои Тоҷикистон, ки ҳарчи бештар сайёҳони бритониёиро ба худ ҷалб мекунад, хеле гуворост. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд. Дар мақомоти дипломатии хориҷии ин кишвар иброз доштанд, ки баъзе расонаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ҳамчун «самти сареътарин рушди сайёҳӣ дар дунё» ва «беҳтарин ҷой барои пиёдагардӣ» ёд кардаанд. Дар Сафорати Британияи Кабир ҳамчунин хотиррасон намуданд: «Мо ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарикон оид ба рушд бо мақсади тавсеа ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фаъолият хоҳем кард».
Ёдовар мешавем, ки дар баъзе хабарҳои пештар нашршудаи матбуот андешаҳо дар бораи он ки Тоҷикистон «ҷои хатарнок» барои тамошои сайёҳон ба ҳисоб меравад, баён мешуданд. Сафорати Британияи Кабир таъкид кардааст, ки ин ба ҳеҷ ваҷҳ ифодагари тавсияномаи Ҳукумати Британияи Кабир барои шаҳрвандони ин давлат, ки аз Тоҷикистон боздид карданианд, буда наметавонад.
Мавриди зикр аст, ки зимни боздиди ҳайати намояндагони тоҷирону сайёҳони британиягӣ аз Тоҷикистон сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт чунин иброз дошт: «Мо афзоиши шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунем ва шодем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин дастовардҳо будубоши сайёҳонро дар Тоҷикистон осон намуда, имкон медиҳанд, ки бо ин кишвари зебо ва диққатрабо шинос шаванд. Мо иқдоми Ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017, ки ба рушди минбаъдаи ин бахши муҳими иқтисодӣ мусоидат менамояд, дастгирӣ менамоем».








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад






