Самандар Шералиев-ғолиби озмуни байналмилалии забондонӣ дар Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 09.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Самандар Шералиев, донишҷӯи факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар озмуни байналмилалии забондонӣ, ки аз 4 то 6 майи соли равон дар шаҳри Қарағандаи Ҷумҳурии Казоқистон баргузор шуд, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар сабқат муҳассилини 30 донишгоҳ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Самандар Шералиев бо донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ дар бахши «Супер полиглот» (донандаи забони бисёр) мақоми якумро касб кард. Лозим ба тазаккур аст, ки дар озмун 102 нафар иштирок доштанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






